Ҷалби беш аз 850 млн.$ сармоя барои бунёди 6 корхона
Душанбе, 28.01.2015. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Дар давоми соли 2014-ум 5 созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид, ки бо татбиқи босамари онҳо 6 корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд ва наздики 4000 ҷойи нави корӣ муҳайё гашта, зиёда аз 850 млн. доллари амрикоӣ сармояи мустақим ҷалб шавад», — иттилоъ дод 27 январ дар нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим.
Раиси кумита афзуд, ки аз ҷумла, созишномаҳои сармоягузорӣ бо Ширкати «Хели»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи сохтмон ва ба истифода додани корхонаи коркарди нафт дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», ҶДММ «Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин» оид ба коркарди маҷмӯии захираҳои кони «Зарнисори Шимолӣ», ҶДММ «ККН-Регар» дар бораи сохтмон ва ба истифода додани корхонаи коркарди нафт дар шаҳри Турсунзода, ширкати «Хуаксин семент Ко ЛТД» оид ба сохтмон ва ба истифода додани хати дуюм ва сеюми лоиҳавии истеҳсоли семент дар ноҳияи Б. Ғафуров ва бо ширкати «Кока-Кола Ичечек А.С.» оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ғайримашруботӣ ба имзо расонида шуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар давоми соли 2014 дар натиҷаи ҳамкории муштараки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ бо шарикони рушд 25 созишномаи нав бо маблағи умумии 754,4 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шудааст, ки 97,9 млн. доллари амрикоӣ ё 13 фоизи он маблағҳои грантӣ мебошанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






