Ҷалби шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба касбомӯзӣ
Душанбе, 27.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар соли 2014 бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ муассисаҳои таълими касбии низоми агентӣ ва дигар муассисаҳои таълимии давлативу ғайридавлатӣ маҷмӯан 101 ҳазору 116 нафар шаҳрванди бекор ва корҷӯёну муҳоҷирони меҳнатӣ ба тайёрии касбӣ ва шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ фаро гирифта шуданд.
Тавре ки аз бахши иттилоотии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иттилоъ доданд, дар давраи ҳисоботӣ тавассути роҳхатҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз ҳисоби маблағҳои барнома 18 ҳазору 226 нафар ва аз тариқи худмаблағгузорӣ 47 ҳазору 305 нафар аз тайёрии касбӣ гузашта, малакаҳои касбии 34 ҳазору 284 нафар бо шаҳодатномаҳо тасдиқ шуданд.
Бевосита аз ҷониби муассисаҳои таълими касбии низоми Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 63 ҳазору 504 нафар шаҳрванд ва муҳоҷири меҳнатӣ ба касбомӯзӣ ҷалб шуд
Бо назардошти он, ки соли 2014 соли “Сифати таълими касбӣ” эълон шуда буд, дар ин сол мониторинги сифати таълими касбӣ дар ин муассисаҳо ба роҳ монда шуд.
Натиҷаҳои мониторинги гузаронидашуда нишон доданд, ки раванди таълими касбӣ дар ин муассисаҳо мувофиқи барномаҳои таълимӣ ва талабот ба стандартҳои касбӣ ба роҳ монда шудааст ва дар ин хусус гузориши таҳлилӣ ба роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ манзур гардид.
Бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар муассисаҳои таълимии низоми агентӣ 8 752 нафар занону духтарони хонашин ба омӯзиши касбҳои “Қолинбофӣ”, “Қуроқдӯзӣ”, “Бофандагӣ”, “Гулдӯзӣ”, “Сӯзанидӯзӣ” ва дигар касбҳои мардумӣ ҷалб гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






