Ҷашнвораи «Интерпол»

Январь 29, 2015 16:11

Душанбе,  29.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз  Дафтари  марказии  миллии «Интерпол» — и Вазорати  корҳои дохилии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  10 — солагии  рӯзи  таъсисашро  таҷлил  мекунад. 
Назар  ба  хабари   ВКД ҶТ,  вазири   корҳои  дохилии  ҶТ  Рамазон  Раҳимзода  иброз дошт, ки  фаъолияти  Дафтари  марказии  миллии  «Интерпол»  тайи  ду  соли охир  самарабахштар гардид. 
Имрӯзҳо  «Интерпол» шароити  мусоид  дошта,  бо таҷҳизоти  муосир  таъмин  аст. Бо  дастгирии Сарвари  давлат ва  роҳбарияти  ВКД «Интерпол»  бо мошини  хидматӣ  таъмин  гардида,  ду  нафар  корманди он  соҳиби  хона  шуд. 
Дар  ин  муддат 2  ҳазору 500  нафар   шахсоне, ки  дар  қайди  ҷустуҷӯ  қарор  доранд,  дастгир  шуда ва ба  ҷавобгарӣ  кашида шуданд. 
Маркази  миллии «Интерпол» — и  ВКД ҶТ  бо  ҳамаи  ҳамтоёни  хориҷии  кишварҳои  узви ин  созмон ҳамкорӣ  дорад. 
Ёдовар  мешавем, ки  «Интерпол» созмони байналмилалии ҳифзи  ҳуқуқ  буда, бо тасмими Конгреси  байналмилалии  пулис  соли  1923  дар  шаҳри  Вена таъсис  ёфта буд. 
Дафтари  миллии  марказии «Интерпол» — и Ҷумҳурии  Тоҷикистон   дар  ҷаласаи  73 — юми  Ассамблеяи  генералӣ, ки  5  октябри  соли  2004  дар  шаҳри  Канкуни  Мексика  баргузор  гардид,  узви  ин  созмон   гардид.  
Ёдовар  мешавем, ки  созмони  мазкур  бо  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз 28  январи  соли  2005  «Дар  бораи  таъсиси Дафтари  миллии  маркази  «Интерпол» — и  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  сохтори  Вазорати  корҳои дохилӣ»  таъсис  ёфт. 
Кормандони  дафтари  мазкур  барои иҷрои  поквиҷдононаи  вазифаҳояшон,  ҳамчунин  ба  ифтихори  ин  ҷашн  бо  медали «10 — солагии  Дафтари  миллии  марказии «Интерпол» — и  ВКД Ҷумҳурии  Тоҷикистон  сарфароз  шуданд.

Январь 29, 2015 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!