Ҷ. Нурмаҳмадзода: “Сармояи умумии “Амонатбонк” ба 222 млн. сомонӣ расид”
Душанбе, 13.01.2015. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон). — «Сармояи умумии Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” то якуми январи соли 2015 ба 222 млн. сомонӣ расид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,3% зиёд аст”, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси раёсати БДА “Амонатбонк”13 январи соли равон.
Маврид ба зикр аст, ки дороиҳои бонк то 31 декабри соли 2014 маблағи 1,8 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол ба андозаи 37% афзудааст. Пардохтпазири бонк дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шуда, маблағҳо сари вақт ба ҳисобҳои дахлдор гузаронида шуданд.
«Дар давраи ҳисоботӣ даромади тавозунии бонк то андозбандӣ маблағи 45,5 млн. сомонӣ ва баъд аз андозбандӣ маблағи 26,5 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли гузашта 20,8% зиёд аст”, — зикр дошт Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк»
Ҷамшед Нурмаҳмадзода афзуд, ки дар соли 2014 аз ҷониби филиалҳои “Амонатбонк” ҳамаи андозҳо ва пардохтҳои умумидавлатӣ мувофиқи меъёрҳои муқарраргардида сари вақт ба буҷаи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ гузаронида шуданд. Дар соли ҳисоботӣ ба суратҳисобҳои транзитии андозу пардохтҳои ҳатмӣ маблағи 2,2 млрд. сомонӣ ва маблағҳои саҳмияҳои суғуртаи иҷтимоӣ дар ҳаҷми 1,9 млрд. сомонӣ ворид шуда, ба суратҳисобҳои марбута гузаронида шуданд, ки нисбат ба соли 2013 мутаносибан 11,1% ва 24,9% зиёд мебошанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






