Ҷоизаҳои Ҷоми Тоҷикистон ва ФФТ маълум гардиданд
Душанбе, 22.01.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи якуми Кумитаи иҷроия дар соли нав баргузор шуд, ки дар он як зумра қарорҳои муҳим қабул шуданд. Бино ба иттилои сомонаи ФФТ, Кумитаи иҷроияи қарор кард, ки ҳаҷми маблағи пулӣ барои мукофот дар мусобиқаҳои Ҷоми Тоҷикистон ва Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон муқаррар шавад.
Гуфта мешавад, ки дар мавсими имсола ғолиби Ҷоми Тоҷикистон 40 000 сомонӣ ва дастаи финалист 25 000 сомонӣ мукофотпулӣ мегирад. Ғолиби Ҷоми ФФТ дар мавсими нав 20 000 сомонӣ, соҳиби ҷои дуюм 20 000 сомонӣ ва барандаи медалҳои биринҷии ин сабқат маблағ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ мукофотпулӣ мегиранд.
Ҳаққи талабнома (заявочный взнос) ҷиҳати иштирок дар лигаи олӣ 40 000 сомонӣ ва барои лигаи якум, 7000 сомонӣ муқаррар шуд. Харҷҳо оид ба пардохти хизматрасонии ҳайати доварон, нозир ва комиссари бозиҳо дар ҳаҷми муқарраргардидаи мавсими соли гузашта боқӣ мемонанд.
Ҳамчунин дар мавсими нави футбол низ мисли соли 2013-ум, ҳар як дастаи лигаи олӣ вазифадор аст, ки ба ҳайати аввалӣ (стартовый состав) як нафар бозигари соли тавалудаш 1997-ро шомил гардонад, таъкид гардидааст дар ҷаласаи Кумитаи мазкур.
Роҳбарони дастаҳо вазифадоранд, ки дар протоколи бозӣ, дар бозиҳои чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои оливу якум ва инчунин бозиҳои Ҷоми Тоҷикистон ба ҳайати аввалӣ як нафар бозингари соли тавалудаш 1997-умро дохил гардонанд. Дар давоми бозӣ ин бозингарро танҳо бозингари синни худаш ва ё хурдтар иваз карда метавонад.
Дар сурати бо корти сурх огоҳонида шудан ва ё лат бардоштани бозингари соли тавалудаш 1997-ум, ба ҷои вай як нафар бозингари соли таваллудаш 1997 ва ё хурдтар ба майдон баромада, як бозигари солаш калон майдонро тарк мекунад.
Дар сурати халалдор кардани ин дастурамали муқараршуда, даста бо ҳисоби 3 бар 0 мағлуб ҳисобида шуда, ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима мешавад.
Дар бозиҳои ҳайати ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ роҳбарони дастаҳо метавонанд ба протоколи бозӣ 8 нафар бозингари соли таваллудашон 1997 ва аз он поёнтар ва се нафар бозингари синни калонро дохил кунанд.
Дар сурати халалдор кардани ин дастурамали муқараршуда низ даста бо ҳисоби 3 бар 0 мағлуб ҳисобида шуда, ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст






