2090 эрод ба «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»
Душанбе, 19.01.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- «Маблағи умумии дар соли 2014 ба ҳисоби буҷети давлатии ҶТ гузарондаи ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» 71,1 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар соли сипаригашта фурудгоҳ ба 1,3 млн мусофир хизмат расонид. Ин нуктаро имрӯз, 19 январ директори генералии «Фурудгоҳи байналмилаии Душанбе» Рустам Холиқов ироа намуд.
Ба гуфтаи Р.Холиқов аслан сари вақт наомадан, осеб дидан ва ё гум шудани бағоҷ аз ҷумлаи масъалаҳои доғи рӯзанд. Дар соли 2014 вобаста ба ин масоил 2090 эрод ворид шуд, ки сари вақт қонеъ гардонида шуданд.
«Дар давраи ҳисоботӣ 1032 ҳодисаи ба таъхир гузошташавии парвозҳо ба қайд гирифта шуд. Сабабҳои асосии мавқуф гузошта шудани парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Душанбе ин-дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи парвоз -655 ҳодиса, номусоидии обу ҳаво-130 ҳодиса, носозии техникаи авиатсионӣ-55 ҳодиса мебошад»,- гуфт директори генералӣ.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






