2554 медали варзишгарони хуҷандӣ дар соли 2014

Январь 27, 2015 11:09

Душанбе, 27.01.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -«Соли 2014 дар шаҳри Хуҷанд беш аз 15  майдончаи варзишӣ барои ҷавонону наврасон мавриди истифода қарор гирифта, якчанд майдончаи варзишии футбол, баскетбол ва волейболи назди биноҳои истиқоматӣ аз нав барқарор шуд»,-иброз намуд мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов зимни ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2014. 
Тибқи иттилои мудири бахш варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои мухталифи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок карда, ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд. Аз ҷумла, варзишгарони шаҳр соли 2014-ум 2554 медал, аз ҷумла 906 медали тилло, 778 нуқра ва 870 медали биринҷиро соҳиб шуданд, ки ин дастоварди хуби ҷавонони ин минтақа мебошад.

Январь 27, 2015 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид