589 ҳазору 480 сомонӣ- ҷарима барои сӯхтор

Январь 29, 2015 10:27

Кӯлоб, 29.01.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Ба  иттилои  сардори шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии минтақаи Кӯлоб  Ҳамзақул Нодиров   дар соли 2014  дар минтақаи Кӯлоб 145 сӯхтор ба қайд гирифта шуд, ки зарари он  4 млн 374 ҳазору 343 сомониро ташкил дод. Дар ин давра 3 адад  сӯхтор кам шуда,  кормандони хадамот барои пешгирии сӯхтор санҷишҳои муштарак мегузаронанд. Ба гуфтаи манбаъ, сабабҳои асосии сар задани сӯхторҳо-ин вайрон кардани  қоидаҳои васлкунии  таҷҳизоти барқӣ, қасдан оташ задан,  оташбозии кӯдакон, беэҳтиётӣ бо оташ мебошанд.  Дар натиҷаи  сари вақт хомӯш кардани  сӯхторҳо ба маблағи 141 млн 986 ҳазору 475   сомонӣ молу амволи шаҳрвандон  наҷот ёфт.  Аз тарафи кормандони назорати давлатии  бехатарӣ аз сӯхтор  ҳолати  бехатарӣ аз сӯхтори  иншоотҳои тобеи  соҳаҳои  тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, маориф ва ғ. санҷида шуда, нисбат ба  5620 корхонаю муассиса санад тартиб дода шуд ва 9 адад парвандаи ҷиноӣ  бо моддаи 255 қ.2  дар бораи  таъйин намудани  ҷазои маъмурӣ барои вайрон кардани   қоидаҳои бехатарӣ аз  сӯхтор  ба маблағи 262 ҳазору 500  сомонӣ тартиб дода шуда,  дар маҷмӯъ  589 ҳазору 480  сомонӣ ҷарима ситонида шуд.
 

Январь 29, 2015 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст