62% шаҳрвандон аз хориҷа ба ватан баргаштанд

Январь 8, 2015 10:57

Душанбе, 08.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ҷиҳати муайян намудани омори дақиқ ва саҳеҳи рафтуомади шаҳрвандон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа ба ҳисобгирии рафтуомади шаҳрвандон амалӣ мегардад.
Бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ,  дар тўли 12 моҳи соли 2014 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 834 ҳазору 58 (соли 2013 -964.545) нафар шаҳрванд ба хориҷа сафар намуд, аз ин ҳисоб 685 ҳазору 316 (соли 2013 -806.564) мард ва 148 ҳазору 742 (соли 2013-157.981) зан мебошад.
Аз ин теъдод 670 ҳазору 806 (799.698) нафар бо мақсади  муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намуда, аз ҳисоби мардҳо — 564 ҳазору 390 нафар (698.823)(-134.433)(84,5%) ва аз ҳисоби занҳо — 106 ҳазору 416 нафар (100.875) (+5.541)(15,5%) муҳоҷирони меҳнатӣ буданд.
Аз шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатӣ 660 ҳазору 947 нафар (788.496) (-127.549) ё ин ки 98,4%  ба Федератсияи Русия сафар намудаанд.  
Ба гуфтаи сухангӯи Хадамоти муҳоҷират Абдуллои Қодирӣ,  Хадамоти муҳоҷират на танҳо шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ, балки рафтуомади ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳисоб мегирад. 
Дар 12 моҳи соли 2014 — 606 ҳазору 527 (781.715) нафар ё ин ки 62% шаҳрванд аз хориҷа ба ватан баргашт. Аз ин шумора 489 ҳазору 510 (80%) нафар мард ва 117  ҳазору 017 (20%) нафар зан мебошад. 
Аз инҳо 453 ҳазору 985 (642.841) нафар (ё ин ки 72%) муҳоҷири меҳнатӣ мебошад. 
 
 

Январь 8, 2015 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст