А.Раҳмон: «Дониши журналистони ҷавони телевизион ҷавобгӯи талаботи имрӯза нест»
Душанбе, 09.01.2015. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат).- «Имрӯз масъалаи кифоят накардани журналистони боистеъдоду касбии низоми Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз ҳам масъалаи доғи рӯз аст», — гуфт ҷавобан ба саволи журналист раиси кумитаи мазкур Асадулло Раҳмон дар нишасти матбуотӣ, ки имрӯз, 9 январ, дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Асадулло Раҳмон гуфт, ки донишу малакаҳои хатмкунандагони факултаҳои журналистикаи донишкадаҳои олии Тоҷикистон на ҳамеша ҷавобгӯи талаботи имрӯзаанд. «Омӯзгорон аксаран ба онҳо донишҳои назариявиро талқин менамоянд, вале донишҳо барои истифодаи технологияҳои нав дар ин бахш кифоят намекунад. Мо дар ҷараёни кор журналистони ҷавонро ба кормандони бештар таҷрибадор вобаста карда, онҳоро таълим медиҳем, вале мушкилоти кадрҳо аз қабили ҳам журналистон ва ҳам коргардонҳои ҳамаи шабакаҳои телевизион ҳанӯз ҳам ҳис карда мешавад», — гуфт мавсуф.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






