А. Раҷабзода: барои баланд бардоштани тарофаи неруи барқ муроҷиат ворид нашудааст
Душанбе, 22.01.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар мавриди муроҷиати Ширкати саҳҳомии холдинги кушодаи «Барқи Тоҷик» оид ба баланд бардоштани тарофаи энергияи барқ, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ Раҷабзода Абдусамад имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар заминаи хулосаи гурӯҳи кории байниидоравӣ ва аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи ҶТ дар бораи тарофаҳои энергияи барқ ва гармӣ таҳия гардида буд ва аз 1 июли соли 2014 тарофаҳо татбиқ гардида, андозаи онҳо 15 фоиз баланд бардошта шуд.
« Баъд аз қабули қарори мазкур то имрӯз аз ҷониби ШСХК«Барқи тоҷик» нисбат ба баланд бардоштани тарофаи энергияи барқ ва гармӣ дар соли 2015 ягон муроҷиат ворид нагаштааст»,-илова намуд сардори хадамот.
Ҳамзамон дар асоси пешниҳодҳои Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе нархномаҳои иловагии «Тарифҳои хизматрасонӣ ба гармидиҳии марказонидашуда ва таъмини оби гарм» ва «Тарифҳои хизматрасонӣ ба қувваи гармии корхонаҳои неруи гармидиҳандае, ки ба низоми ШСХК «Барқи Тоҷик» шомил нестанд», барои мавсими зимистони солҳои 2014-2015 тасдиқ шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






