Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ
Ҳамадонӣ, 31.01.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол)-Дар ноҳияи Ҳамадонӣ дар соли 2014 дар ҳамаи соҳаҳо ва бахшҳои истеҳсолӣ пешравиҳо таъмин гардида, дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия 22 корхонаи калон ва 25 корхонаи хурди саноатӣ фаъолият кард. Дар ин бора раиси ноҳия Қодир Валиев зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Зикр шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 2013-ум 102,6 % зиёд гардид. Гуфта мешавад дар ноҳия истеҳсоли нахи пахта ба 2202 тонна, нон 733 тонна, равғани растанӣ 160 тонна, намак 3051 тонна, орд ба 6719,7 тонна расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






