АНМН: мулоқоти созанда бар зидди нашъамандӣ

Январь 23, 2015 10:22

Душанбе, 23.01.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Аз омори солонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бармеояд, ки  нишондоди зиёди нашъамандон ба шаҳри Душанбе рост меояд, ки дар ин ҷо 3008 нафар нашъаманд ба қайд гирифта шудааст, аз ин миқдор 199 нафараш зан мебошад. 955 нафари онҳо истиқоматкунандагони ноҳияи Сино буда, аз ин шумора 33 нафараш зан аст. Ин нишондод нисбат ба дигар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ду маротиба зиёд мебошад. Аз ин лиҳоз кормандони агентӣ бо истиқоматкунандагони маҳаллаи даҳуми ноҳияи Сино вохӯрӣ доир намуда, дар он зарари нашъамандӣ ва роҳҳои пешгирии онро баррасӣ карданд.
Дар вохӯрии мазкур кормандони агентӣ ба раиси маҳалла, духтурони маҳаллӣ ва муаллимону истиқоматкунандагон муроҷиат намуданд, ки ҳаёти кӯчагии ҷавонону наврасонро ба назорат гиранд, бо падару модари он нафароне, ки то бевақтии шаб дар кӯчаю хиёбонҳо мегарданд, ҳамсуҳбат шаванд, ба узру баҳонаи пешовардаи фарзандон бовар намуда, хотирҷамъ нагарданд.
Вохӯрӣ чун як суҳбати ошкоро доир гардида, иштирокчиён зимни суҳбат ба саволҳои худ аз мутахассисон ҷавоб гирифтанд. Баргузории ин гуна вохӯриҳо дар дигар маҳаллаҳои ноҳия низ ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин бора аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
 
 

Январь 23, 2015 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид