Ашт ба шабакаи ягонаи барқии кишвар пайваст мешавад

Январь 6, 2015 10:56

Душанбе, 06.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар охири ҳафтаи сипаришуда Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард. Зимни ин сафар Қоҳир Расулзода аз якчанд иншооти обрасонӣ дидан намуда, ҷараёни сохтмони хатти интиқоли барқи Қайроққум — Аштро мавриди назар қарор дод.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд,  Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва дигар шахсони расмӣ дар шаҳри Конибодом бо вазъи кунунии сарбанди Равот шинос гардиданд. Ба воситаи ин сарбанд ва аз тариқи ду канали обрасон аксари заминҳои кишоварзии шаҳри Конибодом обёрӣ  мешавад. Сарвазири мамлакат ба масъулин дастур дод, то ҷиҳати таъминоти саривақтии шаҳрвандон бо оби полезиву нӯшиданӣ канали мазкурро мавриди таҷдиду таъмир қарор диҳанд. Ин тадбир имкон медиҳад миқдори бештари об то заминҳои дурдасти шаҳри Конибодом дастрас шавад. 
Сарвазири кишвар инчунин бо ҷараёни бунёди хатти 220 киловолтаи интиқоли неруи барқи Қайроққум — Ашт шинос гардид. Бояд зикр намуд, ки корҳои сохтмонии иншооти мазкур ҳанӯз моҳи апрели соли 2014 бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта буданд. Дарозии ин хат 74 км буда, бо харҷи қариб 65 миллион сомонӣ маблағҳои грантӣ аз Бонки осиёии рушд ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то моҳи сентябри соли 2015 кашида мешавад. Бо фаъол гардидани ин хат ва зеристгоҳҳои нави он, ки бо таҷҳизоти навтарини стандарти ҷаҳонӣ дар шаҳри Қайроққум ва ноҳияи Ашт насб мегарданд, ноҳияи Ашт ба шабакаи ягонаи барқии кишвар пайваст мешавад. Амалӣ шудани ин тадбир имкон медиҳад, ки имкони интиқоли неруи барқ ба ноҳияи Ашт 4 баробар афзун шуда, талафоти техникии он коҳиш ёбад. Дар ин сурат имконоти таъмини аҳолӣ ва ҳам пойгоҳҳои обкашӣ хеле бештару беҳтар гардида, ҳамчунин имкони аз худ кардани заминҳои партову бекорхобида афзун мешавад.
Тавре ки аён гардид, корҳои сохтмонӣ ҷараён дошта, аз 181 адад сутунпоя таҳкурсии 170 адади он ба итмом расида, васлу насби таҷҳизот дар пойгоҳи асосӣ идома дорад.
Дар ин рӯз Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ҳамчунин дар маъракаи ниҳолшинонӣ, ки дар вилоят вусъати тоза пайдо намудааст, иштирок намуд.

Январь 6, 2015 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад