Аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ-қувваи асосии неруҳои мусаллаҳ
Душанбе, 21.01.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Вобаста ба даври зимистонаи омӯзиш дар Вазорати мудофиа бо иштироки масъулони қисму воҳидҳои алоҳидаи Вазорати дифоъ, комиссариатҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои тобеи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ ҷамъомад баргузор гардид.
Дар ҷараёни ҷамъомади мазкур масъалаҳо дар самти таъмин, нигаҳдошт ва истифодаи яроқу аслиҳаи ҳарбӣ ва техникаҳои зиреҳпӯши ҷангӣ баррасӣ гардиданд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати мудофиа иттилоъ доданд, зимни ҷамъомад масъулини Раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбии Вазорати мудофиа оид ба масоили роҳу усулҳои муосири корбарии лавозимоти ҷангӣ, сатҳи омодабошии онҳо дар ҷузъу томҳо изҳори андеша намуда, зикр карданд, ки бояд дар ҳама қисму воҳидҳои низомӣ муносибат нисбат ба техникаи ҳарбиву автомобилӣ ва яроқу аслиҳаи вобаста буда, ба ҳайати шахсӣ дар мадди назари фармондеҳони бевосита қарор гирифта, корҳо дар ин самт сари вақт ва бо сифати баланд иҷро гарданд.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки ҳангоми гузаронидани машғулиятҳои саҳроӣ бо ҷалби ҳайати шахсӣ вобаста ба рондану идора, тирпарронӣ аз мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ ва аз навъҳои гуногуни яроқ ба риояи бехатарӣ диққати махсус зоҳир намоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






