Аёдати А.Қодирӣ аз хонаводаи ҳалокшудагони садамаи нақлиётӣ
Хуҷанд, 12.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-9 январ раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба хонаводаҳои ҳалокшудагони садамаи фоҷеаборе, ки дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ рух дод, рафта, ба наздикон ва пайвандони фавтидагон изҳори ҳамдардӣ намуд. Тавре ки аз маркази матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, роҳбари вилоят зимни ибрози тасаллият аз садамаи фоҷеабор изҳори таассуф намуда, ба аҳли оилаи хонаводаи ҳалокшудагон сабри ҷамил хостор шуда, аз ҷониби ҳокимияти вилоятӣ ба оилаи онон кумаки моддӣ расонид.
Хотиррасон мекунем, ки бар асари садамаи нақлиётӣ шаби 7 январ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар километри 101-уми роҳи нақлиётгарди Айнӣ — Кўҳистони Мастчоҳ, ҳудуди мавзеи сойи Яхруди ҷамоати Лангар мошини тамғаи “Старекс” бо 11 нафар мусофир ба чуқурии 70 метр афтодааст, ки дар натиҷа ҳамаи мусофирони мошин аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






