Б. Шукурзода «Муроҷиати шаҳрвандон-омили поксозии бозорҳо»
Душанбе, 09.01.2015. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Масъалаи баррасии саривақтии арзу шикоятҳои истеъмолкунандагон дар Агентии «Тоҷикстандарт» зери назорати доимии роҳбарият қарор дошта, ҳамеша талош мешвад, ки онҳо ҳалли мусбати худро ёбанд», — гуфт 9 январ дар нишасти матбуотӣ директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо Бахтиёр Шукурзода.
Ӯ таъкид намуд, ки масъалаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз самтҳои муҳими фаъолияти агентӣ буда, ба он диққати махсус дода мешавад, чунки танҳо бо назорати давлатӣ пурра тоза нигоҳ доштани бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулоти пастсифат ва ё ғайристандартӣ имконнопазир аст. Аз ин рӯ, муроҷиати ҳарчи бештари истеъмолкунандагон раванди назорати воридот ва истеҳсоли молу маҳсулотро такони тоза бахшида, ба тоза намудани бозорҳо ва марказҳову нуқтаҳои савдо мусоидати амиқ мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки соли 2014 барои риоя накардани қоидаҳои савдо, талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, истифодаи воситаҳои ченаки корношоям, воридоту истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти ғайристандартӣ ва риоя накардани ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон дар 2 ҳазору 988 ҳолат шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба маблағи 717 ҳазору 660 сомонӣ ҷарима шуда, ин маблағҳо ба буҷаи давлат ирсол гардиданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






