Бақайдгирии рӯйхати номзадҳои ҲХДТ ва ҲАТ

Январь 21, 2015 15:37

Душанбе, 21.01.2015. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз бо қарорҳои дахлдори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КМИР ҶТ) 27 нафар номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ва 13 нафар номзад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) ба қайд гирифта шуд. Дар ин ҷаласа, ки таҳти раёсати раиси КМИР Шермуҳаммад Шоҳиён доир гардид, дар баробари масъалаи бақайдгирии рӯйхати номзадҳо дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот тибқи пешниҳоди ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин масъалаи бақайдгирии шахсони боэътимоди онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, бо қарори КМИР 130 нафар шахси боэътимоди ҲХДТ ва 65 нафар шахси боэътимоди ҲАТ ба қайд гирифта шуд.
 Дар ҷаласа зикр шуд, ки Анҷумани ҲХДТ номзадии 28 нафар аъзои ҳизбро тибқи рӯйхат ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот пешбарӣ кард. Бино бар сабаби ба вазифаи нав гузаштан ва аз вакилӣ даст кашидани як нафар номзади пешбаришуда ҲХДТ ба КМИР бо мактуби расмӣ муроҷиат карда, хоҳиш намуд, ки номзадии як нафар тибқи рӯйхати ҳизб ба қайд гирифта нашавад. Бино бар ин, бо қарори КМИР номзадии Лоиқов Қаноатшоҳ Холиқович — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт аз рӯхати ХХДТ хориҷ шуд. Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси КМИР иттилоъ дод, ки фардо, 22 январ  рӯйхати номзадҳо дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот тибқи пешниҳоди Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо ба қайд гирифта хоҳанд шуд.
 

Январь 21, 2015 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!