Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Арабистони Саудӣ
Душанбе, 28.01.2015. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Арабистони Саудӣ Ходими Ҳарамайни Шарифайн Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Аълоҳазрат
Мояи сарфарозии инҷониб аст, ки ба муносибати байъат ба Шумо ба ҳайси Подшоҳи Арабистони Саудӣ табрикоти самимона ва орзуҳои беҳтарини худро арз намоям. Аз даргоҳи Худованди мутаол хоҳони онам, ки Шуморо дар хидмати Ҳарамайни Шарифайнаш муваффақ намояд, қадамҳои Шуморо дар ҷодаи роҳбарӣ ба мардуми бародари Шоҳигарӣ ҷиҳати дастёбӣ ба пешрафту шукуфоии бештари кишвар, ҳаллу фасли пирӯзмандонаи масоили Уммати исломӣ ва орзуҳову ормонҳои он устувор гардонад.
Бо истифода аз ин фурсати нек рағбати содиқонаи хешро ҷиҳати идомаи раванди ҳамкориву ҳамоҳангӣ бо Шумо дар амри таҳкими робитаҳои дӯстиву рафоқат, ки муҷиби хайру баракат барои мардумони бародари мо бошанд, изҳор менамоям.
Эҳтирому сипоси моро бипазиред».








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






