Барқияи тасаллият ба Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ
Душанбе, 23.01.2015 (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ Ходими Ҳарамайни Шарифайн Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
«Аълоҳазрат,
Бо камоли андӯҳу ғам хабари вафоти марҳум Подшоҳ Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Оли Саудро дарёфт намудем. Бо реҳлати ӯ мо бародари азизи мардуми Тоҷикистон ва ҳамаи халқҳои мусулмонро аз даст додем, ки дар назди Уммат хидматҳои бузургеро адо намуда буд ва дар масоили тақдирсози он ҳамеша мавқеъи қотеъ дошт.
Мо бо ибрози самимонатарин ҳамдардӣ ва изҳори тасаллият бо ин талафоти гарон ба Шумо ва мардуми бародари Мамлакати Арабистони Саудӣ бо роҳбарии Шумо чун Подшоҳи он ва Ходими Ҳарамайни Шарифайн ба Парвардигори бузург дуо менамоем, ки ба ҳамаи мову Шумо ва оилаи подшоҳӣ сабру таҳаммул ато фармояд, марҳуми олиқадрро шоистаи раҳмат намояд ва ҷояшро ҷаннат гардонад.
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун».








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






