Барномаи иктишофоти геологӣ баробари 9 миллион сомонӣ иҷро шуд

Январь 6, 2015 12:22

Душанбе,  06.01.2015. (АМИТ «Ховар»,  Кристина Эрлих).- Геологҳои  Тоҷикистон  тайи  соли 2014 аз  ҳисоби  буҷети  давлатӣ  корҳои  гуногунро  ба  маблағи 9  миллион  сомонӣ иҷро  намуданд. Дар  ҳамин  давра   корҳои  шартномавӣ  аз  рӯи  160  лоиҳа  ба  маблағи  12  миллиону 176 ҳазор  сомонӣ  ва  корҳои  пудратӣ  ба  маблағи 17  ҳазору  852  сомонӣ иҷро гардида, суръати  афзоиш 112 — фоизро ташкил  дод.
Сардори  Сарраёсати геологияи  назди Ҳукумати  ҶТ  Мурод  Хол Ҷумъазод  имрӯз, 6  январ,  дар нишасти  матбуотӣ  аз  рӯи  натиҷаи  фаъолият  тайи  соли  2014  дар  ин  бора  хабар  дод.
Дар  ҷараёни  нишасти  матбуотӣ  ҳамчунин  зикр  шуд, ки  ниҳодҳои  сохторҳои   Сарраёсати   геологияи  Тоҷикистон  дар  давраи  ҳисобот  пармакориро  дар  ҳаҷми  9 ҳазору  946  метри  тӯлонӣ  иҷро  намуданд. 
«Сарраёсати  геология  ба  манзури  ҷалби сармояҳо, вусъат  бахшидани  иктишофоти  геологӣ ва  бунёди  корхонаҳои нави  дорои  таҷҳизоти  муосири технологӣ  бо  22  ширкати  дохилию  хориҷӣ  ҳамкорӣ  менамояд», —  гуфт  дар  хотима сардори  Сарраёсати  геологияи  Тоҷикистон.

Январь 6, 2015 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст