Барномаи иктишофоти геологӣ баробари 9 миллион сомонӣ иҷро шуд
Душанбе, 06.01.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Геологҳои Тоҷикистон тайи соли 2014 аз ҳисоби буҷети давлатӣ корҳои гуногунро ба маблағи 9 миллион сомонӣ иҷро намуданд. Дар ҳамин давра корҳои шартномавӣ аз рӯи 160 лоиҳа ба маблағи 12 миллиону 176 ҳазор сомонӣ ва корҳои пудратӣ ба маблағи 17 ҳазору 852 сомонӣ иҷро гардида, суръати афзоиш 112 — фоизро ташкил дод.
Сардори Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати ҶТ Мурод Хол Ҷумъазод имрӯз, 6 январ, дар нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаи фаъолият тайи соли 2014 дар ин бора хабар дод.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ҳамчунин зикр шуд, ки ниҳодҳои сохторҳои Сарраёсати геологияи Тоҷикистон дар давраи ҳисобот пармакориро дар ҳаҷми 9 ҳазору 946 метри тӯлонӣ иҷро намуданд.
«Сарраёсати геология ба манзури ҷалби сармояҳо, вусъат бахшидани иктишофоти геологӣ ва бунёди корхонаҳои нави дорои таҷҳизоти муосири технологӣ бо 22 ширкати дохилию хориҷӣ ҳамкорӣ менамояд», — гуфт дар хотима сардори Сарраёсати геологияи Тоҷикистон.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






