Баррасии вазъи кунунӣ ва дурнамои мусиқии касбӣ

Январь 13, 2015 15:57

Душанбе, 13.01.2015. (АМИТ «Ховар»). — 14 январ бо ташаббуси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конфронси илмию амалӣ оид ба рушди мусуқии касбӣ, мушкилоти вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши соҳа доир мегардад. Дар конфронс олимону донишмандони соҳа, роҳбарони макотиби мусиқӣ ва донишҷӯён иштирок менамоянд. 
Раиси  Иттифоқи компазиторони Тоҷикистон Қудратулло Ҳикматов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар конфронси мазкур олимону донишмандони соҳа доир ба таърих, вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди соҳа маърӯза намуда, роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва густариши минбаъдаи соҳаро баррасӣ менамоянд. 
«Ҳадафи аслии доир намудани ин конфронс баррасии мушкилоти кунунии соҳа, аз ҷумла истифодаи мусиқии дигар миллатҳо аз ҷониби санъаткорони ҷавон, сурудани матнҳои бемантиқу пастмазмун аз тарафи баъзе сарояндаҳо ва амсоли инҳо аст. Мо талош дорем, ки бо истифода аз мусиқии асили тоҷикӣ ва дар ҳамкорӣ бо шоирону композиторон сурудҳои сарояндагон таҳия гарданд, то ки санъати солиму асил ба мардум пешкаш гардад. Чунки ин раванд, албатта, ба шавқу завқ ва сатҳи маърифати мардум, бахусус насли наврасу ҷавон таъсири амиқ мегузорад», — муътақид аст Қ. Ҳикматов.
Маврид ба ёдоварист, ки дар бахши дуюми конфронси мазкур консерт бо иштироки устодони санъат, ҳунармандон ва донишҷӯёни вилояти Суғд дар назар аст.   

Январь 13, 2015 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст