Баррасии вазъи кунунӣ ва дурнамои мусиқии касбӣ
Душанбе, 13.01.2015. (АМИТ «Ховар»). — 14 январ бо ташаббуси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конфронси илмию амалӣ оид ба рушди мусуқии касбӣ, мушкилоти вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши соҳа доир мегардад. Дар конфронс олимону донишмандони соҳа, роҳбарони макотиби мусиқӣ ва донишҷӯён иштирок менамоянд.
Раиси Иттифоқи компазиторони Тоҷикистон Қудратулло Ҳикматов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар конфронси мазкур олимону донишмандони соҳа доир ба таърих, вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди соҳа маърӯза намуда, роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва густариши минбаъдаи соҳаро баррасӣ менамоянд.
«Ҳадафи аслии доир намудани ин конфронс баррасии мушкилоти кунунии соҳа, аз ҷумла истифодаи мусиқии дигар миллатҳо аз ҷониби санъаткорони ҷавон, сурудани матнҳои бемантиқу пастмазмун аз тарафи баъзе сарояндаҳо ва амсоли инҳо аст. Мо талош дорем, ки бо истифода аз мусиқии асили тоҷикӣ ва дар ҳамкорӣ бо шоирону композиторон сурудҳои сарояндагон таҳия гарданд, то ки санъати солиму асил ба мардум пешкаш гардад. Чунки ин раванд, албатта, ба шавқу завқ ва сатҳи маърифати мардум, бахусус насли наврасу ҷавон таъсири амиқ мегузорад», — муътақид аст Қ. Ҳикматов.
Маврид ба ёдоварист, ки дар бахши дуюми конфронси мазкур консерт бо иштироки устодони санъат, ҳунармандон ва донишҷӯёни вилояти Суғд дар назар аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






