Баррасии зиёда аз 6000 парванда аз ҷониби Суди олӣ

Январь 12, 2015 13:07

Душанбе, 12.01.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-«Соли сипаригардида дар марҳилаҳои гуногуни судӣ дар маҷмӯъ 6337 парванда ва дархосту пешниҳодҳо мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифтанд», -изҳор дошт раиси Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллозода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.
Н. Абдуллозода ҳамчунин зикр намуд, ки дар марҳилаи якум 128 парвандаи гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва дархосту пешниҳодҳо баррасӣ гардиданд, ки 46 ададашро парвандаҳои ҷиноятӣ, 13-тоашро  гражданӣ, 6-то оилавӣ, 47 ариза оид ба барқарор намудани муҳлати мурофиавӣ ва 16 -тои дигарашро дархосту пешниҳодҳо ташкил доданд.
«Бояд зикр намуд, ки аз 46 парвандаи ҷиноятии баррасишуда 43-тоаш нисбат ба 81 нафар бо баровардани ҳукми айбдоркунӣ анҷом ёфта, пешбурди 1 адад нисбат ба 2 судшаванда бинобар фавташон ва 2 парванда нисбат ба 2 нафар бинобар аз айбдоркунӣ даст кашидани айбдоркунандагони давлатӣ қатъ гардиданд», -афзуд раиси Суди олӣ. 
 
 
 
 

Январь 12, 2015 13:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст