Берун кардани шаҳрвандони хориҷӣ аз ҶТ

Январь 13, 2015 10:54

Душанбе, 13.01.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бо ибтикори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли ахолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корхои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷумҳурӣ дар ду марҳила  амалиёти «Нелегал 2014»  гузаронида шуд.
Бо мақсади муайян намудани шахсоне, ки ғайриқонунӣ ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон машғуланд ва ошкор намудани шаҳрвандони хориҷӣ, ки бе иҷозати расмӣ кору зиндагӣ мекунанд, мунтазам амалиёти муштарак гузаронида мешавад.
Бино ба иттилои шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамвтанони бурунмарзии Хадамоти муҳоҷират, кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ин санҷишҳо иштирок намуда, нисбат ба 15 нафар шаҳрванди хориҷӣ санад тартиб дода, ба маблағи 8720 сомонӣ ҷарима ситониданд.
Аз ҷониби кормандони Хадамоти муҳоҷират тибқи нақшаи корӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияхои тобеи марказ фаъолияти 14 субъекти хоҷагидор мавриди санчиш карор дода шуд.
Дар субъектҳои мазкур 575 нафар шаҳрванди хориҷие, ки ба фаъолияти меҳнатӣ машғул буд, санҷида шуда, муайян гардид, ки дар баробари шаҳрвандони хориҷӣ дар ин субъектҳо зиёда аз 437 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолияти меҳнатӣ мебарад.
Дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо нисбат ба 68 нафар шаҳрванди хориҷӣ санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз онҳо ба маблағи 27 ҳазору 440 сомонӣ ҷарима ситонида шуд.
Аз ин теъдод, 49 нафар бо сабабҳои риоя накардани қоидаҳои будубош бо қарори суд аз қаламрави ҷумхурӣ берун шуданд.
 
 

Январь 13, 2015 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст