Боркашонии транзитӣ- 1 млн. 735 ҳазор тонна

Январь 20, 2015 16:43

Душанбе, 20.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Комил Мирзоалиев, раиси “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар нишасти матбуотӣ гуфт,  дар давоми соли 2014 ҳаҷми боркашонӣ дар КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” 6 млн. 808 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2013 — 87 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Аз ҷумла боркашонии транзитӣ 1 млн. 735 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки назар ба соли 2013 — 165 ҳазор тонна ва соли 2009 — 7 млну 259 ҳазор тонна ва ё 80%8 фоиз кам шудааст.
Боркашонии хурди 5 млну 73 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта — 253 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Содироти молҳои хоҷагии халқ 516 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2013 — 21 ҳазор тонна кам буда, воридоти маҳсулот 4 млн. 345 ҳозор тонна ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта — 247 ҳазор тонна зиёд аст. Дар давоми соли ҳисоботӣ воридоти молҳо нисбат ба содирот 3 млну 829 ҳазор тонна ё 8,4 маротиба зиёд мебошад. Дар давоми соли 2014 бо қатораҳои «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 168 ҳару 032 тонна маҳсулоти кишоварзӣ кашонида шуд.

Январь 20, 2015 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст