Боздошти 160 кг маводи нашъаовар аз гардиши ғайриқонунӣ
Хуҷанд, 15.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар соли 2014 дар шимоли кишвар аз гардиши ғайриқонунӣ 159 кг 471 грамм маводи нашъаовар мусодира шуд, ки 11 кг 615 грамми он воситаи нашъаовари героин, 23 кг 400 грамм маводи афюн ва 124 кг 456 грамм маводи гурӯҳи бангдона мебошад.
Чунин маълумот зимни баргузории нишасти матбуотӣ аз ҷониби сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд Музаффар Муҳаммад Ҳотамӣ зикр ёфт. Ҳамзамон зикр шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар натиҷаи чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯии амалишуда 44 ҷиноят низ ошкор шуд, ки он нисбат ба соли 2013 12 адад зиёд мебошад.
Ба иттилои сардори агентии мазкур, инчунин барои содир кардани ҷиноятҳои нашъаҷаллобӣ ба 233 нафар дар ин давра ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд, ки аз он 230 нафар мард, 3 нафар зан, 2 нафар ноболиғ ва 17 нафар шахси пеш судшуда мебошад.
Ғайр аз ин, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии вилоят 222 ҷинояти нашъаҷаллобӣ ошкор ва аз гардиши ғайриқонунӣ 609 кг 699 грамм маводи нашъаовар мусодира шуданд, — илова намуд манбаъ.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






