Данғара: Мусобиқа байни наврасону ҷавонон
Душанбе, 06.01.2015 (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- 5- уми январи соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара байни наврасону ҷавонон мусобиқаи гуногун баргузор гардид.
Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавӣ гардонидани варзиш дар доираи татбиқи барномаи рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ мувофиқи нақшаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №70- и ноҳияи Данғара аз рӯи намуди муҳорибаи дастӣ ё каратэи анъанавӣ мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ доир шуд.
Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони синни гуногун ширкат намуданд. Дар вазни 55 кг Хуршед Раҳмонов, дар вазни 60 кг Ҷовид Абдумаликов ва дар вазни 16 кг Муҳаммадзоҳир Саидови хурдсол сазовори ҷойҳои аввал гардиданд.
Дар охир ба ғолибони мусобиқа медал, ифтихорнома ва ҷоми мусобиқа тақдим шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






