Дар ҷумҳурӣ 618 ҳазору 915 нафар нафақахӯр аст
Душанбе, 12.01.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Теъдоди умумии нафақагирон то 1 январи соли 2015 дар ҷумҳурӣ 618 ҳазору 915 нафарро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 ҳазору 756 нафар зиёд мебошад,-иброз дошт муовини аввали директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назокат Одинаева.
Зикр шуд, ки андозаи миёнаи нафақа дар ин давра 230 сомониро ташкил намуд. Бо мақсади ворид намудани технологияҳои иттилоотии муосир ба ҷараёни пардохти нафақа ва кумакпулиҳои ба он баробар ва боз ҳам шаффофтар гардидани фаъолият дар ин самт агентӣ то имрӯз дар ҳамкорӣ бо Бонки давлатии амонатгузории Чумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» пардохти нафақаи 301 ҳазору 879 нафарро дар 30 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ бо талаботи моҳонаи 73,9 млн. сомонӣ тавассути кортҳои бонкӣ ба роҳ мондааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






