Дастовардҳои клуби марказии варзишии артиш дар соли 2014
Душанбе, 21.01.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Соли 2014 барои варзишгарони аъзои Клуби марказии варзишии артиши Вазорати мудофиа нисбат ба солҳои қаблӣ то андозае фарқунанда арзёбӣ мегардад, зеро ба гуфтаи сардори ин клуб Фарҳод Раҳматуллоев танҳо дар соли сипаришуда варзишгарони он тавонистанд баъди ширкат дар 40 мусобиқаи шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ, мусобиқаи байналмилалӣ, чемпионати Осиё, чемпионати ҷаҳон ва Ҷоми Ҷаҳон 90 медалро ба хазина ворид намоянд.
Аз ин шумораи медалҳо 33 тояш тилло, 24 нуқра ва 33-тои дигар биринҷиро ташкил менамоянд. Дар асоси талаботи пешбинишуда ба Клуби марказии варзишии артиш, ҷавонони тибқи даъват шомил мегарданд, ки дорои маҳорати баланди варзишӣ ва аз ҷиҳати руҳиву равонӣ солиму обутобёфта бошанд.
Ба гуфтаи масъулини соҳа аз 10 номгӯи варзише, ки имрӯзҳо дар ин клуб ба роҳ монда шудааст, аслан ба он ҷавонони синни қобили хизмат фаро гирифта мешаванд.
Шумораи хоҳишмандон барои пеш бурдани хизмат ва сайқал додани маҳорати варзишии худ дар Клуби марказии вазишии артиш ба маротиб зиёд гардида, дар асоси имконоти мавҷуда онҳое қабул мешаванд, ки воқеан ҳам дар риштаҳои гуногуни варзиш шавқу ҳаваси зиёде доранд, таъкид медорад масъулин.
Соли равон тибқи нақшаи таҳияшуда, дар арафаи чорабиниҳои давлативу сиёсӣ ва барои дарёфти Ҷоми вазири мудофиа миёни афсарону сарбозони Артиши миллӣ ва сохторҳои қудратии кишвар аз намудҳои гуногуни варзиш мусобиқаҳо гузаронида шуд, ки ғолибони ин озмунҳо бо ҷому медалҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ташкили чунин мусобиқаҳо аз як ҷониб ба рушди варзиш дар ҷумҳурӣ таъсири мусбати худро гузорад, аз ҷониби дигар дар солимгардонии аҳли ҷомеа бетаъсир нахоҳад монд. Агарчӣ барои варзишгарони дастаи Клуби марказии варзишии артиши Вазорати мудофиа шароитҳои хуби машқу тамрин фароҳам оварда шуда бошад ҳам, вале талаботи пешрафти замон, тақозо мекунад, ки толорҳои наву замонавӣ бо меъёрҳои ҳозиразамон бунёд карда шавад. Роҳбарияти клуб ин масъаларо ба инобат гирифта, лоиҳаи маҷмааи варзишии солимгардониро бо тарҳи нав барои кулли хизматчиёни ҳарбии Артиши миллӣ тарҳрезиву ба масъулини вазорати дифоъ пешниҳод намудааст.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати мудофиа хабар доданд.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






