Дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонӣ

Январь 8, 2015 16:50

Душанбе,  08.01.2015. (АМИТ «Ховар», Фарзона  Достонзода).- «Соли  2014 — ум 1 ҳазору  510  нафар  варзишгарони тоҷики  аъзои  дастаҳои мунтахаби  кишвар  аз  рӯи  намудҳои  мухталифи  варзиш  дар 90 мусобиқоти  варзишӣ  дар  хориҷа  иштирок  намуданд.  Варзишгарони тоҷик  дар  мусобиқоти  зикршуда 897 медал,  аз ҷумла 250  медали  тилло, 243  медали  биринҷӣ ва  404 медали  нуқра ба даст  оварданд», — гуфт  дар  ҷараёни   нишасти  матбуотӣ  раиси  Кумитаи  умури  ҷавонон, варзиш  ва  сайёҳии  назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Аҳтам  Абдуллозода, ки   8 январ  баргузор гардид.
Дар  ҷараёни  нишасти  матбуотӣ  зикр  шуд, ки  Кумитаи  умури  ҷавонон,  варзиш  ва  сайёҳӣ  дар  давраи  ҳисобот 108  мусобиқоти ҷумҳуриявии  варзишӣ  доир  намуд, ки дар  онҳо беш  аз 9  ҳазору  719  нафар  варзишгарон,  аз ҷумла  1 ҳазору  341  нафар  занон  иштирок  намуданд, ки  ин  назар  ба  ҳамин  давраи  соли  2013  баробари  41  фоиз  зиёд  аст.

Январь 8, 2015 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид