Дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонӣ
Душанбе, 08.01.2015. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- «Соли 2014 — ум 1 ҳазору 510 нафар варзишгарони тоҷики аъзои дастаҳои мунтахаби кишвар аз рӯи намудҳои мухталифи варзиш дар 90 мусобиқоти варзишӣ дар хориҷа иштирок намуданд. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти зикршуда 897 медал, аз ҷумла 250 медали тилло, 243 медали биринҷӣ ва 404 медали нуқра ба даст оварданд», — гуфт дар ҷараёни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи умури ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, ки 8 январ баргузор гардид.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки Кумитаи умури ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар давраи ҳисобот 108 мусобиқоти ҷумҳуриявии варзишӣ доир намуд, ки дар онҳо беш аз 9 ҳазору 719 нафар варзишгарон, аз ҷумла 1 ҳазору 341 нафар занон иштирок намуданд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли 2013 баробари 41 фоиз зиёд аст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






