Даъвати С.Тағойзода ба хизмати софдилона

Январь 12, 2015 16:13

Душанбе, 12.01.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2014 ва вазифаҳо барои соли 2015 бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ рӯзи 9 январ баргузор гардид. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Сумангул Тағойзода оид ба ҷамъбасти фаъолияти вазорат дар соли 2014 маърӯза намуд.
Бино ба иттилои  Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи вазорат,  дар ҷамъбасти фаъолият  масъалаҳои сатҳи зиндагии аҳолӣ, музди меҳнат ва омилҳои таъсиррасонии он, хароҷоти пулӣ ва амонатҳои аҳолӣ дар соли 2014, танзими равандҳои муҳоҷирати аҳолӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, маълумоти баҳисобгирии рафту омади шаҳрвандон, муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ, омӯзиш ва бозомӯзии касбӣ ва бо кор таъминкунии хатмкунандагони муассисаҳои таълими касбӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон, самти ташкил ва рушди ҳамкориҳои байналмилалии соҳавӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин оид ба муроҷиат ва қабули шаҳрвандон изҳори назар намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои махсус дод.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ оид ба дастовардҳои ноилгардида дар соли 2014 ва мушкилоти мавҷуда сухан гуфта, барои ҳалли онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Тағойзода Сумангул Саид неруи созандаи кадрии вазоратро ба хизмати софдилона даъват карда, гуфт, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани стратегияву барномаҳои давлатӣ кушишҳо ба харҷ диҳанд.

Январь 12, 2015 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!