ДМИТ: таваҷҷуҳи пайваста ба баланд бардоштани мақоми зан

Январь 22, 2015 16:30

Душанбе, 22.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Раъно Нусратуллозода).-Шӯрои занон ва духтарони донишкада фаъолияти пурсамар дошта, барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мунтазам чорабиниҳои гуногун дар сатҳи донишкада ва берун аз он мегузаронад, иброз дошт зимни ҷамъбасти солона ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) Ашурбой Солиев. 
А.Солиев зикр намуд, ки   2 нафар донишҷӯдухтари  фаъоли донишкада  аъзои Шӯрои донишҷӯдухтарони ҷумҳуриявӣ  мебошад, ки дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Фаъолияти Шӯрои мазкур дар асоси дархости кумитаи мазкур аз ҳисоби духтарони болаёқати донишкадаҳои ҷумҳурӣ бо мақсади тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону  духтарон таъсис дода шудааст. 
Инчунин дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки дар ДМИТ барои донишҷӯёни манотиқи дурдасти кишвар 2 хобгоҳи ба талаботи имрӯза ҷавобгӯи  дорои  760 ҷойи зист мавриди истифода қарор дорад. Дар хобгоҳи донишҷӯён маркази компютерӣ таъсис шудааст, ки 10 компютер ба шабакаи ИНТЕРНЕТ васл шуда, фонди китобхонаи электронӣ низ ворид шудааст. 
Бахшида ба ҷашнвораҳо дар давоми соли 2014 дар хобгоҳҳои донишкада  мунтазам   суҳбату вохӯриҳо ва озмунҳо, аз қабили  “Хонаи беҳтарин”, “Кадбонуи беҳтарин” гузаронида шуданд. 
 

Январь 22, 2015 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид