ДМИТ: таваҷҷуҳи пайваста ба баланд бардоштани мақоми зан
Душанбе, 22.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Раъно Нусратуллозода).-Шӯрои занон ва духтарони донишкада фаъолияти пурсамар дошта, барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мунтазам чорабиниҳои гуногун дар сатҳи донишкада ва берун аз он мегузаронад, иброз дошт зимни ҷамъбасти солона ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) Ашурбой Солиев.
А.Солиев зикр намуд, ки 2 нафар донишҷӯдухтари фаъоли донишкада аъзои Шӯрои донишҷӯдухтарони ҷумҳуриявӣ мебошад, ки дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Фаъолияти Шӯрои мазкур дар асоси дархости кумитаи мазкур аз ҳисоби духтарони болаёқати донишкадаҳои ҷумҳурӣ бо мақсади тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарон таъсис дода шудааст.
Инчунин дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки дар ДМИТ барои донишҷӯёни манотиқи дурдасти кишвар 2 хобгоҳи ба талаботи имрӯза ҷавобгӯи дорои 760 ҷойи зист мавриди истифода қарор дорад. Дар хобгоҳи донишҷӯён маркази компютерӣ таъсис шудааст, ки 10 компютер ба шабакаи ИНТЕРНЕТ васл шуда, фонди китобхонаи электронӣ низ ворид шудааст.
Бахшида ба ҷашнвораҳо дар давоми соли 2014 дар хобгоҳҳои донишкада мунтазам суҳбату вохӯриҳо ва озмунҳо, аз қабили “Хонаи беҳтарин”, “Кадбонуи беҳтарин” гузаронида шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






