Э. Раҳмон: «Ҷиҳати татбиқи адолати судӣ мебояд чораҳои ҷиддӣ андешид»
Душанбе, 24.01.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- «Тақвияти фаъолияти ҳокимияти судӣ аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ мебошад, зеро фаъолияти суд бо инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ пайванди ногусастанӣ дорад ва ин нуктаро ман борҳо изҳор намудаам»,- изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дирӯз, 23 январ зимни пешниҳоди Паёми солонаи хеш ба Парлумони кишвар.
Сарвари давлат ҳамчунин зикр намуд, ки бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ 5-уми январи соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи нави ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017» тасдиқ гардид.
Татбиқи барномаи мазкур барои боз ҳам устувор шудани сохтори мақомоти судӣ ва пешрафту пурсамар гардидани фаъолияти онҳо, таҳкими ҳамкории мақомоти судӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин ҷиҳати иҷрои санадҳои судӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
«Итминон дорем, ки роҳбарият ва кормандони Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Шӯрои адлия ва Прокуратураи генералӣ бо дарки масъулияти баланди касбӣ ҷиҳати амалисозии адолати судӣ, таъмини волоияти қонун ва гузашта аз ин, дар роҳи ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва ташкилотҳо тамоми тадбирҳои заруриро меандешанд», -изҳори умед намуд Эмомалӣ Раҳмон.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






