Э. Раҳмон: Дар роҳи пешрафти кишвар мушкилот боқӣ мондаанд
Душанбе, 23.01.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- «Дар доираи татбиқи «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015» бо азму талоши Ҳукумат, шарикони рушд ва заҳмати софдилонаи мардуми шарифи Тоҷикистон бисёр масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ пурра ё қисман ҳал шудаанд»,-таъкид дошт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 23 январ зимни Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар баробари ин, бо сабаби вақт ва захираҳои зиёдро талаб кардани ҳалли баъзе масъалаҳо ва мавҷудияти монеаҳои муайян дар ин самт, инчунин вобаста ба вазъи зудтағйирёбандаи минтақа ва ҷаҳон ҳоло ҳам дар роҳи пешрафти кишвар як силсила мушкилот боқӣ мондаанд.
«Мо бояд сиёсати иқтисодии худро тарзе ба роҳ монем, ки тавассути истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва дигар дороиҳо рақобатнокии иқтисоди миллӣ баланд бардошта шавад»,-илова намуд Сарвари давлат..
Ҳоло натиҷаҳои «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015» дар сатҳи вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ арзёбӣ шуда истодаанд.
Ба гуфтаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, моҳи феврали соли ҷорӣ ҳисоботи фосилавии стратегияи зикршударо дар Шӯрои миллии рушди назди Президенти кишвар ва Форуми рушд баррасӣ карда, ҷиҳати таъмин намудани пешрафти босуботи мамлакат барои давраи то соли 2030 силсилаи ташаббусу пешниҳодҳо муҳокима мегарданд.
«Дар иртибот ба ин, бори дигар изҳор медорам, ки ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ба ҳалли масъалаҳои ҳифзи фазои орому осудаи зиндагии шаҳрвандон, расидан ба меъёрҳои баландтари некӯаҳволии мардум ва шароити боз ҳам беҳтари иҷтимоӣ, тақвияти қонуният ва адолат ва дар маҷмӯъ, ба таъмини амнияти давлат, шаҳрвандон ва ҷомеа равона мешаванд»,-баён дошт Эмомалӣ Раҳмон.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






