Фаъолияти муназзами 3589 масҷиди панҷвақта дар кишвар

Январь 6, 2015 14:30

Душанбе, 06.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба низом даровардани фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ва ҳимояи фазои андешаи динӣ корҳои мушаххасро анҷом додааст. 
Тавре ки дар ин бора Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон имрӯз, 6 январ зимни нишасти хабарии хеш иттилоъ дода гуфт, дар айни ҳол дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин 1 Маркази исломӣ, 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 369 масҷиди ҷомеъ, 3589 масҷиди панҷвақта, 2 адад Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи имомии исмоилӣ,  72 иттиҳодияи динии ғайриисломӣ, 1 ҷамоатхона, 1 ҷамоаи динии ғайриисломӣ, дар маҷмўъ 4089 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудааст ва ҳамаи онҳо муътадил тибқи талаботи қонун эҳтиёҷоти эътиқодии шаҳрвандонро қонеъ карда  истодаанд. 
Гуфта шуд, ки дар ин давра фаъолияти 1 адад масҷиди ҷомеъ ва 3 адад масҷиди панҷвақтаи расмӣ бо қарори ҳайати муассисон барҳам дода шуд. Ҳамчунин дар ин давра 23 иттиҳодияи динӣ (1 адад ташкилоти динии Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи имомии исмоилӣ, 1 масҷиди ҷомеи марказӣ, 4 адад масҷиди ҷомеъ ва 17 адад масҷиди панҷвақта) ба қайд гирифта шуд,-иброз дошт А. Холиқов, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон имрӯз зимни  нишаст ба хабарнигорон.
 
 
 

Январь 6, 2015 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид