Фарҳанги Ҳисор ва мавқеи он
Душанбе, 13.01.2015.(АМИТ “Ховар”, Раъно Нусратуллозода).- Олимони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш дар соли ҷамъбастии 2014 аз рӯи 7 мавзӯъ таҳқиқот анҷом доданд. Муҳимтарин натиҷаи таҳқиқот нашри асари шашҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» зери назари академик Раҳим Масов буд, ки ба итмом расонида шуд. Ин асари бунёдӣ аз асарҳои пешина ба куллӣ фарқ дошта, на ба тафсири сулолаҳои алоҳидаи минтақа ва ҳокимони турку муғул, балки бештар инъикоси таърихи миллии тоҷиконро дар бар мегирад. Дар ин асари шашҷилда омадааст, ки гузаштагони халқи тоҷик -суғдиён, бохтариён, хоразмиҳо аз доманаҳои Урал дар ғарб то Туркистони шарқӣ дар шарқ, аз дашти Қипчоқ дар шимол то халиҷи Форсу шимоли Ҳиндустон дар ҷануб сукунат доштаанд.
Олимони институт ба навиштаи асари дастаҷамъии «Таърихи ҳамзистии аҳолии муқимӣ ва кӯчии Осиёи Миёна дар асрҳои миёна ва нав (сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, ҷараёни этникӣ ва дигар самтҳои ҳаёти хоҷагидорӣ)» оғоз намуданд. Мақсади таҳияи китоб — нишон додани асли воқеии ҳамзистии ду шакли зист — муқимӣ ва кӯчии аҳолии Осиёи Миёна, равшан сохтани тарзи ҷараён гирифтани робитаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, динӣ, раванди этникӣ ва омезиши онҳо дар давраҳои мазкур мебошад.
Олимони соҳаи бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ вобаста ба ҷашни 3000 — солагии Ҳисор дар ҳудуди қалъаи Ҳисор ҳафриёт гузаронида, корҳои илмиро дар мавзӯи таъриху фарҳанги ин водӣ идома доданд. То ин дам китоби Р. Масов ва В. Ранов «Фарҳанги Ҳисор ва мавқеи он дар давраҳои аввали этногенези халқи тоҷик» ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ва «Маҷмӯи ёдгориҳои таъриху фарҳанги водии Ҳисор» нашр шуданд. Ҳафриёти бостоншиносӣ дар ҳудуди қалъаи Ҳисор гузаронида шуда, дар асоси маводи ба дастомада тахмин кардан мумкин аст, ки вақти азхудкунии ин мавзеъ тақрибан 3000 сол пеш оғоз шудааст.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






