Х. Асозода: Дар Тоҷикистон кӯпрукҳои алтернативӣ сохта мешаванд

Январь 26, 2015 14:25

Душанбе, 26.01.2015 (АМИТ Ховар, Манижа Баҳромзода).-           Вазорати нақлиёти кишвар иттилоъ медиҳад, ки дар самти муҳайё намудани шароит  барои интиқоли бор  тавассути  роҳҳои  байналмилалии ҳудуди Тоҷикистон  пешниҳодҳои  зиёд намудааст. Яке аз ин пешниҳодҳо сохтмони кӯпрукҳои алтернативӣ мебошад. «Мо пешниҳод кардем, ки агар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои алтернативӣ надошта бошем, аққалан кӯпрукҳои алтернативии тез ҷамъу  кушод мешуда дошта бошем»,- иброз дошт  Хайрулло Асозода, вазири нақлиёти Тоҷикистон имрӯз.  26 январ зимни нишасти хабарӣ.
         Ба гуфтаи вазири нақлиёт пешниҳод оид ба сохтмони кӯпрукҳои алтернативӣ дар ҳудуди Тоҷикистон қабул гардида, кор дар ин самт дар ояндаи наздик оғоз мешавад. «Мо  як ширкати австриягиро қабул кардем ва дар ин самт бунёди як кӯпруки 300 тоннагие, ки  тез  ҷамъ ва кушода мешавад, дар нақша ҳаст»,-иттилоъ дод  Хайрулло Асозода. Вазири нақлиёт  дар робита ба макони  сохтмони кӯпруки мазкур  гуфт, ки макони он дар Тоҷикистон  ҳоло аниқ набуда, дар назар аст он дар ҷойе сохта шавад, ки ба он ниёзи бештар бошад.
       Соли 2014 дар ҳудуди Тоҷикистон 18 кӯпрук бо сабаби вазнин  будани бор ба ҳолати садамавӣ дучор шудааст, ки ин нишондод дар соли 2013  31 ададро ташкил додааст.

Январь 26, 2015 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид