Хадамоти гумрук: мусодираи 113 кг 274 гр моддаи нашъаовар
Душанбе, 15.01.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дар соли 2014 аз ҷониби мақомоти гумрук 5 ҳазору 356 ҳолати қонуншикании гумрукӣ ошкор шудааст, ки 47- тои он ҷиноят буда, 17 ҳолат ба қочоқи маводи нашъаовар, 3 ҳолат ба қочоқи молу воситаҳои нақлиёт ва 27 ҳолат ба дигар ҷиноятҳо рост меояд,- гуфт имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматҷон Раҳматов.
Аз гардиши ғайриқонунӣ 113 килограмму 274 грамм моддаҳои нашъаовар гирифта шуданд. Аз ин миқдор 44 килограмму 911 граммро героин, 46 килограмму 296 граммро афюн, 21 килограмму 764 граммро ҳашиш ва 303 граммро бангдона ташкил медиҳад. Инчунин 1 ҳазору 325 дона ҳаби психотропии экстозӣ боздошт шуд. Дар натиҷаи баррасии 5 ҳазору 309 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 5 ҳазору 128 нафар шахси воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мансабдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 7 миллиону 905 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шуд. Инчунин ба маблағи 65 миллиону 956 сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ситонида шуда, ба маблағи 137 ҳазору 713 сомонӣ молҳо мусодира гардиданд.
Маблағи умумии ҷаримаҳо, молҳои мусодирашуда ва пардохтҳои гумрукии аз ҳисоби ошкор ва пешгирии ҳолатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ситонидашуда 74 миллион сомониро ташкил менамояд,-гуфт Н.Раҳматов.
Инчунин дар нишасти матбуотӣ сардори КВД «Маркази равзанаи ягона» дар назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷаъфар Розиев оид ба назорат ва барасмиятдарории молу воситаҳои нақлиёт бо истифода аз низоми электронии «Равзанаи ягона» маълумот дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст






