Хатарҳои амниятӣ дар Осиёи Марказӣ ва дурнамои ҳамкории минтақавӣ
Душанбе, 30.01.2015 (АМИТ «Ховар»).- 28 январи соли 2014 дар шаҳри Брюссел бо мусоидати “EAST WEST Institute” ва “Hanns Seidel Foundation” мизи мудаввар дар мавзӯи “Хатарҳои амниятӣ дар Осиёи Марказӣ ва дурнамои ҳамкории минтақавӣ” баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар намояндаи махсуси Котиби генералии СММ дар Осиёи Марказӣ, директори Маркази минтақавиии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда Мирослав Енча, Намояндаи махсуси Котиби генералии СААШ оид ба минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Ҷеймс Аппатурай, вакилони Парлумони Аврупо, намояндагони Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва як гурӯҳ намояндагони корпуси дипломатии муқими шаҳри Брюссел ва дигар шахсони баландпоя иштирок намуданд.
Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустам Солиев ба иштирокчиён оид ба вазъи феълии минтақа, мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва роҳҳои ҳалли мушкилиҳои мавҷуда маълумоти муфассал дода, зарурати таҳкими ҳамкориҳои минтақавиро таъкид намуд.
Зимни муҳокимарониҳо иштирокчиён оид ба масъалаҳои сулҳ, таҳдидҳои амниятӣ ва роҳи ҳалли онҳо ибрози назар намуданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин зарурати таҳкими ҳамкориҳои минтақавиро зикр намуда, аҳамияти байналмилалӣ ва истифодаи таҷрибаи нодири сулҳи тоҷиконро дар қазияи Афғонистон таъкид намуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






