ХФМ ФР ба муҳоҷирони меҳнатӣ патент медиҳад

Январь 13, 2015 11:49

Душанбе,  13.01.2015. (АМИТ «Ховар»,  Лайло  Тоирӣ).- Назар  ба  хабари  сомонаи Хадамоти  муҳоҷирати Вазорати  меҳнат,  муҳоҷират  ва  шуғли  аҳолии  Тоҷикистон,   шуъбаи Хадамоти федералии   муҳоҷирати  Русия  ба додани  патентҳо ба  муҳоҷирони  меҳнатӣ  барои  иҷрои  кор  шуруъ  намуд. 
Мувофиқи  маълумоти Хадамоти  муҳоҷирати  ҶТ,  чунин  ҳуҷҷатҳоро  бояд  шаҳрвандони   давлатҳое гиранд, ки  байни онҳо  ва  Русия  тартиби бераводид ҷорист. Патентҳо  барои онҳое  заруранд, ки ҳангоми  убури  сарҳади  Русия дар  ҳуҷҷатҳояшон калимаи «кор»  — ро ҳамчун мақсади  сафар зикр дода бошанд. Шахси  хориҷӣ  аризаашро  барои   гирифтани  патент бояд  дар  давоми  30  рӯзи  баъди ба  Русия  омаданаш  супорад. Созмонҳо  муҳоҷиронро  дар  асоси   патенти  харидаашон  ба  кор  қабул  карда,   дар  баробари  ин   низоми  квота  лағв  карда  мешавад. 
Ёдовар  мешавем, ки  қонуни  дахлдор  аз  1  январи  соли  ҷорӣ эътибор  пайдо  намуд.
Муҳоҷирони  меҳнатӣ  дар  баробари  харидани  патент  бояд  асосҳои  забони русиро  донанд.  Ғайр  аз  ин  сокинони  аксарияти   кишварҳои  ИДМ  фақат  бо  истифода  аз шиносномаҳои  хориҷӣ ҳуқуқи  ба  Русия рафтанро  доранд.
Маҳдудиятҳои  зикршуда  барои  муҳоҷирони  меҳнатии  кишварҳои  узви  Иттиҳоди  иқтисодии  Авруосиё  лағв  шудааст.  Русия,  Беларус  ва  Қазоқистон аз  1  январ  бозори  ягонаи  меҳнатро ташкил додаанд.

Январь 13, 2015 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст