ХФМ ФР ба муҳоҷирони меҳнатӣ патент медиҳад
Душанбе, 13.01.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Назар ба хабари сомонаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, шуъбаи Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия ба додани патентҳо ба муҳоҷирони меҳнатӣ барои иҷрои кор шуруъ намуд.
Мувофиқи маълумоти Хадамоти муҳоҷирати ҶТ, чунин ҳуҷҷатҳоро бояд шаҳрвандони давлатҳое гиранд, ки байни онҳо ва Русия тартиби бераводид ҷорист. Патентҳо барои онҳое заруранд, ки ҳангоми убури сарҳади Русия дар ҳуҷҷатҳояшон калимаи «кор» — ро ҳамчун мақсади сафар зикр дода бошанд. Шахси хориҷӣ аризаашро барои гирифтани патент бояд дар давоми 30 рӯзи баъди ба Русия омаданаш супорад. Созмонҳо муҳоҷиронро дар асоси патенти харидаашон ба кор қабул карда, дар баробари ин низоми квота лағв карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки қонуни дахлдор аз 1 январи соли ҷорӣ эътибор пайдо намуд.
Муҳоҷирони меҳнатӣ дар баробари харидани патент бояд асосҳои забони русиро донанд. Ғайр аз ин сокинони аксарияти кишварҳои ИДМ фақат бо истифода аз шиносномаҳои хориҷӣ ҳуқуқи ба Русия рафтанро доранд.
Маҳдудиятҳои зикршуда барои муҳоҷирони меҳнатии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё лағв шудааст. Русия, Беларус ва Қазоқистон аз 1 январ бозори ягонаи меҳнатро ташкил додаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






