Ховалинг: соҳилҳо мустаҳкам мешаванд

Январь 7, 2015 14:47

Ховалинг, 07.01.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Ба хотири пешгирии зарари селфароӣ дар ноҳияи Ховалинг корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома доранд.  Дарёчаи Оби мазор, ки аз маркази ноҳия мегузарад, дар фасли баҳор бештар сокинони маҳаллаҳои Сари осиёб, Оби рӯшан, Дӯстӣ ва боз чанд деҳаи дигарро азият медиҳад. Сокинони деҳаҳои мазкур дар рӯзҳои истироҳат ба ҳашар баромада, соҳилҳоро бо симтӯр мустаҳкам намуда истодаанд. Дар ин мавзеъ то имрӯз бо кумаки ҳокимияти давлатӣ ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ беш аз 800 метр соҳили чапи дарёча бехатар гардонида шудааст.  
То оғози боронҳо ва баланд шудани маҷрои оби дарёча сокинони маҳаллаҳои мазкур мақсад доранд боз 700 метри соҳилро бо симтӯр мустаҳкам намоянд. 
 
 

Январь 7, 2015 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст