Хуҷанд: Чемпионати кушод оид ба каратэ-до

Январь 28, 2015 11:27

Душанбе, 28.01.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар толори варзишии “Ҷашнӣ”-и шаҳри Хуҷанд 24-25 январи соли равон  чемпионати кушоди шаҳри Хуҷанд оид ба каратэ-до байни кӯдакон, наврасон, ҷавонон ва калонсолон бахшида ба таътили зимистона баргузор гардид. 
Дар мусобиқа аз 7 минтақа- аз ноҳияҳои Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, ва шаҳрҳои Истиқлолу Хуҷанд ҳамагӣ 362 нафар иштирок намуд. 
Аз рӯи натиҷаҳои ниҳоӣ дастаи варзишгарони шаҳри Хуҷанд бо 22 медали тилло, 14 медали нуқра ва 24 медали биринҷӣ натиҷаи аз ҳама беҳтарро нишон доданд. Дар маросими ҷамъбастӣ мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ва раиси Федератсияи каратэ-до дар вилояти Суғд Вадим Джо-Чун-Си иштирок намуда, ба ғолибон ҷоизаҳои ғолибиятро супориданд. Ҳамчунин ноҳияҳои Б. Ғафуров ва Зафаробод мутаносибан ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғол намуданд.
 
 

Январь 28, 2015 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид