Хуҷанд: оғози сохтмони бинои нав барои кормандони милитсия
Хуҷанд, 7.01.2015. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода). -Дар шаҳри Хуҷанд бинои нави шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ сохта мешавад.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” роҳбари маркази матбуоти РКВД ҶТ дар вилояти Суғд Акбар Шарипов иттилоъ дод, 6 январ дар назди бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд хишти аввалин ба оғози сохтмони бинои маскур гузошта шуд.
Ба гуфти манбаъ, дар расми оғози бунёди ин иншоот Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуданд. Бинои иловагии шӯъбаи номбурда аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, он аз ҳуҷраҳои корӣ, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ ва чанд имконияти иловагӣ барои фаъолияти пурсамари кормандони милитсияи шаҳрӣ иборат аст.
Иншооти мазкур бо ташаббусу дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокиияти давлатии шаҳри Хуҷанд бунёд ёфта, ба истифодадиҳии он моҳи сентябри соли ҷорӣ, дар арафаи иди Истиқлолияти кишвар дар назар аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






