Иҷрои барзиёди пардохти андозҳо дар соли 2014
Душанбе, 19.01.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дар соли 2014 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки ҷамъоварии онҳо ба зиммаи мақомоти андоз гузошта шудааст, ба андозаи 102,8% таъмин гардида, ба ҷойи 6 млрд. 923,5 млн. сомонии пешбинишуда ба буҷет (бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) 7 млрд. 117,1 млн. сомонӣ ворид шуд, ки он нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ бештар аз 193,5 млн. сомонӣ зиёд ва нисбат ба маблағҳои дар соли 2013 воқеан ҷамъоварӣ гардида, ба андозаи 1 млрд. 308,1 млн. сомонӣ, ё худ 22,5% бештар мебошад,-зикр шуд имрӯз дар нишасти хабарии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тавре ки дар ҳисоботи солонаи кумита омадааст, вазни қиёсии андозҳои дохилӣ дар ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2014 тибқи маълумоти пешакӣ 15,6%-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2013 ба андозаи 1,3% бештар мебошад.
Иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар соли 2014 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — 113,7%, вилояти Хатлон — 104,2%, вилояти Суғд — 102,2%, шаҳри Душанбе — 102,9% таъмин шуд.
Инчунин дар давраи ҳисоботӣ бо сабабҳои гуногун нақшаи андоз аз фоида — 93,5%, андоз аз арзиши иловашуда — 98,4%, андоз аз фурўш (нахи пахта ва алюминийи аввалия) — 58,2% ва андози иҷтимоии корхонаҳои ғайрибуҷетӣ — 95,9% таъмин шудааст,- иттилоъ дода шуд дар нишасти хабарии кумитаи мазкур ба хабарнигорон.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






