Иҷрои нақша дар ҶСК «Ангишт”- 112%

Январь 29, 2015 08:54

Хуҷанд, 29.01.2015. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-Дар коргоҳҳои истихроҷи ангишти вилояти Суғд истихроҷи ангишт  сол аз сол зиёд  мегардад. Тавре ки ба “АМИТ Ховар” аз маъмурияти коргоҳи Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи “Ангишт”-и шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара  иттилоъ доданд, ангиштканони ҷомеаи меҳнатии коргоҳи мазкур дар  давоми соли  2014 — 56,2 ҳазор тонна ангишт истихроҷ намуданд, ки ин нишондод нисбат ба нақшаи муқаррар  гардида  6 000 тонна  ва дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2013 беш аз 4,500 тонна зиёд буда, дар маҷмӯъ 112%-и нақшаи солонаро ташкил медиҳад. 
Ба иттилои манбаъ, нақбканони коргоҳ  дар  ин давра дар масоҳати 3000  метри тӯлонӣ  корҳои роҳкушоиву нақбканиро  ба анҷом расониданд, ки ин рақам дар муқоиса бо соли қаблӣ 315  метр зиёд мебошад. Дар маҷмӯъ, дар давоми соли гузашта  ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 13 млн. 450 ҳазор сомонӣ баробар гардид. 
Бояд зикр намуд, ки дар ҷамъбасти фаъолияти соли 2014 ҶСШК  “Ангишт”-шаҳри Исфара  барои нишондиҳандаҳои хуб дар самти ба раванди истеҳсолот ҷорӣ намудани техникаву технологияҳои нав ва дар ин замина зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар миқёси кишвар, корхонаи беҳтарин шинохта шуда, аҳли ҷомеаи ин коргоҳ бо ифтихорномаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ  сарфароз гардид. Дар ин замина, дар коргоҳ баҳри беҳгардонии раванди кор ва ба ин васила истихроҷи ангишт  соли гузашта, роҳбарияти коргоҳ бо ҷалби мутахассисони дохилии коргоҳ як обкашаки асосии конро пурра аз таъмири асосӣ бароварда, дар ин замина  барои зиёд намудани истихроҷи ангишт ва  сифати он ба маблағи 157 ҳазор сомонӣ ангишткашаки зеризаминии нав харид.
Инчунин баҳри дастрасии саривақтии мардум ба хариди ангишт, бо ташаббуси роҳбарияти коргоҳ дар худуди вилоят 26 нуқтаи ангиштфурӯшӣ ташкил шудааст, ки то имрӯз  наздик ба 55 ҳазор тонна  ангишт ба фурӯш рафтааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 10 800 тонна зиёдтар мебошад. 
Хотиррасон мекунем, ки алъон дар миқёси вилояти  Суғд 8 коргоҳи ангиштканӣ фаъолият дорад, ки 3-тои он дар ноҳияи Айнӣ, 2 коргоҳ дар ноҳияи Панҷакент ва Исфара ва 1 коргоҳ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҷойгир аст. 
Аз ин шумора коргоҳҳои ҶСК “Ангишт”- ноҳияи Исфара ва “Фон-Яғноб”-и ноҳияи Айнӣ аз зумраи калонтарин конҳои истихроҷи ангишт дар шимоли кишвар маҳсуб меёбанд. 
 

Январь 29, 2015 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд